Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Қрим стратегияи нави Киев барои тасарруфи нимҷазираро бемаънӣ хонданд

Қаблан Киев исрор мекард, ки роҳи дипломатии дубора ба даст овардани назорати Қримро пайдо кунад, вале акнун мехоҳад бо роҳи низомӣ ин корро анҷом диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Нақшаи Киев барои баргардонидани нимҷазира беаҳамият аст, гуфт Оле Крючков, мушовири раиси Қрим оид ба сиёсати иттилоотӣ.
Изҳороти намояндаи президенти Украина "дар Қрим" Тамила Ташева дар бораи он, ки Киев барои баргардонидани Қрим бо роҳи низомӣ талош хоҳад кард, далели саривақтии оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина аст.
"Киев тӯли ин солҳо ба таҷовузи Қрим омода шуда, дар паси афсонаҳои дипломатӣ пинҳон шуда буд. Ҳама стратегияҳои онҳо ночиз аст ва ҳеҷ маъно надорад. Қрим қалъаи дастнорас аст", — гуфтааст Крючков дар суҳбат бо РИА "Новости".
Намояндаи Владимир Зеленский дар Қрим Тамила Ташева гуфт, ки бархӯрдҳои Киев барои баргардонидани Қрим пас аз 24 феврал тағйир ёфтанд ва акнун ин бо роҳи низомӣ ба даст хоҳад омад, хабар медиҳад расонаҳо.
Вай инчунин изҳор доштааст, ки мақоми махсуси Севастопол бекор карда мешавад.
Қаблан Киев исрор мекард, ки роҳи дипломатии дубора ба даст овардани назорати Қримро пайдо кунад.
Аз Русия то Қрим ҳаракати нақлиёт аз тариқи хушкӣ оғоз шуд
Ба гуфтаи ӯ, баргузории як амалиёти вижаи низомӣ Қримро якбора аз ҳамлаҳои миллатгароёни украинӣ эмин хоҳад кард.
"Вақте ки нерӯҳои Русия Киевро ишғол мекунанд, ҳама гуна таҳдид ба нимҷазира аз байн хоҳад рафт", - таъкид кард Крючков.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Вакили Думаи давлатӣ замони анҷоми амалиёти вижа дар Украинаро гуфт: видео
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.