ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Анатолий Антонов, сафири Руися дар ИМА гуфт, ки кашонидани аслиҳа ба Украина як роҳи зиддият миёни Русия ва ИМА аст.
Ба гуфтаи ӯ, кӯтохнадешии амрикоиҳо дар шароити кунунӣ низ аён аст, ки бо талошҳои шикасти стратегии Маскав ба Киев силоҳ мекашанд.
Дипломат гуфт, Вашингтон бо ин кораш танҳо вазъро муташанниҷтар мегардонанд.
"Магар онҳо дарк намекунанд, ки ин роҳи бархӯрди мустақими ҳарбии байни бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ мебошад, ки оқибатҳои пешгӯинашаванда дорад?", - гуфта мешавад дар мақолаи Антонов барои маҷаллаи Newsweek, ки матни он дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.
Сафир таъкид кард, ки нақшаҳои ИМА бо "таҳримҳои буғикунанда" алайҳи Русия низ натиҷа намедиҳанд.
"Ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо беандешона вазъи иқтисоди ИМА-ро боз ҳам шадидтар мекунад. Яъне маълум мешавад, ки Вашингтон дар ғавғои зидди Русия омода аст, ки ба пои худ парронад ва ҳамзамон рақс кунад. Ин бемаънӣ ба назар мерасад”, - гуфт сафир.
Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки талошҳои ИМА " ба ҳеҷ ваҷҳ ба азми Қувваҳои Мусаллаҳи Русия барои иҷрои вазифаҳое, ки дар ҷараёни амалиёти махсуси низомӣ барои ҳифзи сокинони Донбасс гузошта шудаанд" ва инчунин барои ноил шудан ба ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина монеъ намешаванд.
Антонов аз ИМА даъват кард, ки “хаёлҳои саргармкунандааш дар бораи “шикаст”-и кишвари моро бас накунанд” ва набудани роҳи дигар ба равобити прагматикӣ бо Русияро таъкид кард.
Ӯ таъкид кард, ки рушди вазъ дар Украина озмоишест, ки омодагии давлатҳои ғарбиро барои ба инобат гирифтани нигарониҳои Русия нишон медиҳад.
Пешрафти минбаъда дар самти ба эътидол овардани амнияти Аврупо аз натиҷаи раванди ҳалли бӯҳрон дар Украина вобаста хоҳад буд, гуфт дипломат.