ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Нерӯҳои украинии корхонаи "Азот" -и Северодонетск ба таслим шудан шурӯъ карданд.
Дар ин бора подполковники милитсияи Ҷумҳурии Мардумии Луганск Андрей Марочко хабар дод.
"Дар ҷараёни як амалиёти вижаи низомӣ дар ҳудуди корхонаи "Азот" дар шаҳри Северодонетск воқеан бархе аз низомиёни украинӣ тасмими дуруст гирифта, ба таслим шудан шурӯъ карданд", - гуфт ӯ.
Марочко тавзеҳ дод, ки ба далели амниятӣ мақомоти ҶМЛ теъдоди таслимшудагон ва намояндагии кадом воҳидҳоро ифшо намекунанд, зеро дар Северодонетск отрядҳо кор мекунанд ва мумкин аст фишор болои наздикони низомиён сурат бигирад.
Манобеи РИА "Новости" аз қавли раиси ҶМЛ Леонид Пасечник хабар медиҳад, ки тибқи ҳисобҳо, дар корхонаи "Азот" то ҳазор нафар миллатгароёни украинӣ қарор доранд.
Ғайр аз ин, мувофиқи маълумоти вазорати корҳои дохилии ҶМЛ дар он ҷо зархаридони ИМА, Англия ва Лаҳистон низ пинҳон шудаанд.
Комбинати кимиёии "Азот" дар Северодонетски ҶМЛ воқеъ аст. Дар аснои озодкунии шаҳр артиш ва нерӯҳои муттаҳидони Русия пеши ҷангҷӯёни украиниро дар қаламрави ин корхона муҳосира карданд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.