Қоидаи ягона: Раҳимзода роҳи рушди бештари муносибот бо Ӯзбекистонро гуфт

Вазири пешини рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва роҳбари Бонки миллӣ дар гузашта иқдомот барои таҳкими равобит бо Ӯзбекистонро ном бурдааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Барои таҳкими минбаъдаи равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ, таъсиси ширкатҳои лизингӣ, қабули қавонини ягонаи савдою ҳамоҳангӣ миёни мақомот зарур аст.
Ин нуктаро Шариф Раҳимзода, вазири пешини рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва роҳбари феълии Пажуҳишгоҳи иқтисоду демографияи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" таъкид кардааст.
Ба гуфтаи Раҳимзода, нахуст бояд самарабахшии фаъолияти инвеститсионӣ, махсусан дар заминаи ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар бахши туризм дар минтақа асоснок карда шавад.
Ташкили ширкатҳои лизингӣ барои таъмини хоҷагидорҳо бо техникаю таҷҳизот аз пешниҳодҳои дигари Раҳимзода мебошанд.
Аз иқтисод то амният: Раҳмон гуфт, бо Мирзиёев сари кадом масоил тавофуқ ҳосил карданд
Ӯ муҳим хондааст, ки лоиҳаҳои муштарак бо мақсади азхудкунии сармояи табиии минтақа, пешниҳоди хидматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт, алоқа, телекоммуникатсия, маориф ва тандурустӣ роҳандозӣ гарданд.
"Дар бахши бонкӣ вақти он расидааст, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳои муштараки таъсисшаванда, инчунин ҷалби захираҳои молиявии муваққатан озод дар ҳудуди кишварҳо намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳо таъсис дода шаванд", - афзуд вай.
Собиқ вазири рушди иқтисоду савдо ҳамчунин зарур донистааст, ки ташикли долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи онҳо барои интиқоли маҳсулот ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя густариш дода шавад.
Коркарди меъёру қоидаҳои ягонаи савдо ва хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигари минтақа ҷиҳати рушди бозори умумии минтақавӣ аз пешниҳодҳои дигари Шариф Раҳимзода мебошанд.
Ин пешниҳодҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 рӯй ба рушд ниҳода, додугирифти мол миёни ду кишвар аз ҳадди ним миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст.
Мирзиёев ва ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон, ҳадаф гузоштаанд, ки ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни ду кишвар то ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонда шавад.