ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек имрӯз, 14-уми июн бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешаванд.
Барои гузаштан аз марҳилаи инти хобӣ яккачини Тоҷикистон бо мунтахаби Қирғизистон вориди сабқат мешаванд.
Ин дидор дар назар аст, ки соати 20:00 ба вақти Душанбе дар Варзишгоҳи Долон Омурзоқови Бишкек доир шавад.
Ҳаводорони футбол метавонанд, бозии тими миллиро дар шабакаҳои телевизионии ватанӣ "Варзиш" ва "Футбол" бубинанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи ду бозии қаблӣ ҳарду мунтахаб шашхолӣ доранд, аммо Тоҷикистон дар гуруҳаш дар ҷойи аввал аст. Чун голи бештар задаву ягон тӯб сар надодааст.
Яккачини Тоҷикистон дар ду бозии гузаштааст Бар Мянмар бо ҳисоби 4:0 ва бар Сингапур 1:0 пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар, ки дар гурӯҳи "F" ҳастанд, барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт қаблан гуфта буд, ки ҳарифони Тоҷикистон заиф нестанд ва ҳама барои ғалаба мубориза мебаранд.
"Дастаҳо дар сатҳи наздиканд, мо ҳар як рақибро эҳтиром мекунем ва мубориза хоҳем бурд. Рақибони худро хуб омӯхтем ва ҳоло тамоми диққатамонро ба бозии аввал бо яккачини Мянмар равона кардаем", - гуфтааст Сегрт.
Мутахассиси хорватӣ аз ҳайат, омодагӣ ва интихоби бозигарон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки яккачини Тоҷикистон дар давраи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, ба таври ҷиддӣ кор кард.