ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Даъвати иловагии аскарон ба артиши Русия дар пасманзари амлаиёти низомӣ дар Украина зарур намеояд, изҳор дошт раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия дар бахши мудофиа, Виктор Бондарев.
Ӯ дар суҳбат ба рӯзноманигорон гуфт, ихтиёриёне, ки феълан ба Украинаю Донбасс фиристода мешаванд, барои амалӣ кардани ҳадафҳои гузошташуда кофиянд.
"Фикр мекунам, ихтиёриён басандаанд, ки худашон ба он ҷо мераванд, то тартиботро барқарор намоянд", - изҳор дошт Бондарев.
Зимни суҳбат дар мавриди муҳлати амалиёти вижаи низомӣ раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия гуфт, то расидан ҳадафҳои гузошташуда.
"Пушти шаҳрвандон паноҳ мешаванду барои худ сипари зинда месозанд ва имкон намедиҳанд, нерӯҳои мо бо қадамҳои бузург пеш раванд. Чун сокинони осоиштаро ба пеш такон медиҳанд ва ба ин далел артиши моро зарур меояд, интихобан амал намояд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба иттилои вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.