Тоҷикистон аз мақоми аввал дар гуруҳи "F" ба Ҷоми Осиё меравад

Бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2023 дар гуруҳи "F" миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳузури беш аз 15 ҳазор нафар бидуни гол анҷомид.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон бозии ниҳоияшонро дар гуруҳи "F" мусовӣ анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек бидуни гол аммо дар маҷмуъ ба суди тими Тоҷикистон анҷом ёфт.
Бар асоси натиҷаи ин сабқат, мунтахаби Тоҷикистон аз мақоми аввали гуруҳи "F" ба Ҷоми Осиё - 2023 меравад, ки нахустин бор дар таърихи футболи кишвар мебошад.
Мусовӣ ба суди Тоҷикистон шуд, чун дастаҳои мунтахаби ҳарду кишвар дар ду даври аввал шашхолӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон дар ин мусобиқот натиҷаи беҳтар дорад, чун 5 гол ба дарвозаи ҳарифон ворид карда, ягон гол ба дарвозаи худро сар надодаст
Қирғизистон ҳамоно дар ҷои дуюм аст, зеро футболбозони қирғиз чор тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид кардаанду як голро ба дарвозаи худ сар додаанд.
Президент ба тамошои бозии мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон меравад
Бозӣ бархилофи бархе пешгӯиҳо бидуни танише бо дастфишорӣ дар охири зӯрозмоӣ анҷом ёфт. Бозиро дар майдон баробари зиёда аз 15 ҳазор нафари дигар, аз ҷумла Содир Ҷабборов, раисҷумҳури кишвари мизбон низ тамошо кард.
Қаблан Иттиҳодияи футболи Қирғизистон аз мухлисон даъват карда буд, ки фазои носолимро ба вуҷуд наоваранд, чун риоя накардани қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад.
Маврид ба зикр аст, ки қисмати ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё - 2023 аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад.