Боздошти ду зан барои кӯшиши интиқоли садҳо ҳазор доллар ба Тоҷикистон

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аз боздошти ду зан хабар дод, ки нияти интиқол додани беш аз 300 ҳазор доллар ба Тоҷикистонро доштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар гузаргоҳи "Қазарма"-и вилояти Бекободи Ӯзбекистон аз сӯи марзбонон ду зан боздошт шуданд, ки кӯшиш доштанд садҳо ҳазор долларро ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кунанд.
Аз боздошт гардидану ду зан, ки яке 28 ва дигаре 42 - сола мебошанд, котиботи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, боздоштшуда ҳар ду шаҳрвандони Ӯзбекистон буда, 356 ҳазор долларро барои интиқол додан ба Тоҷикистон дохили либосҳои танаашон пинҳон кардаанд, вале аснои аз назаргузаронӣ дар марз ба дасти нозирони гузаргоҳ уфтоданд.
Пулҳои давлатро азонихуд кард: ҷазои муҳосиби мактаб барои сохтакорӣ
Зимни бозпурсӣ онҳо иқрор намуданд, ки бо дархости як тоҷикистонӣ бо номи Маҳмуд ин миқдор пулро бояд ба Тоҷикистон мебурданд ва бар иваз мукофотпулииин калон ба онҳо ваъда шуда буд.
Манбаъ меафзояд, аз дохили либосҳои зани 42 - сола 166 ҳазор доллар ва аз дуввумӣ 190 ҳазор доллар дарёфту мусодира карда шуд.
Феълан, ҳар ду зан дар боздошт қарор доранд. Мақомоти марбутаи Ӯзбекистон дар пайи муайян кардани ашхосе ҳастанд, ки аз дасти онҳо ин ду нафар зан беш аз 300 ҳазор доллар барои интиқол додан ба Тоҷикистон гирифта буданд.
Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон мегӯяд, ҳоло нисбати занҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудаастд.
Бар тибқи қавонин, шаҳрвандон ҳақ доранд фақат то даҳ ҳазор долларро бидуни санад аз як кишвар ба давлати дигар интиқол диҳанд.