ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Артиши Украина талош дорад мушкили камбуди сарбозони ҳирфаиро бо ҷалби зархаридони хориҷӣ ҳал намояд.
Нерӯҳои Русия дар навбати худ ҳама корро анҷом медиҳанд, то “зархаридони” НАТО ва техникаи низомӣ дар Украина нобуд карда шаванд.
Амрико ва Бритониё дар ихтиёри Киев чаҳор мушакандози ҷандгонаи M142 HIMARS ва се системи M270 MLRS гузоштанд - ин мушакандози ҷандгона, ки то 80 км мушак партоб мекунад, имкон дорад мушакҳои тактикӣ дар масофаи то 300 км. Партоб намояд.
Ҳамзамон Вашингтон ба Киев мушакҳои зидди киштии "Ҳарпун"-ро додааст ва Лондон омода аст, ба Киев мушакҳои "Бримстоун"-ро ба нерӯи дарёии диҳад.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи идомаи таҳвили тӯпҳои худгард (ACS) CAESAR ба Украина эълон кард. Қаблан Фаронса 18 адад чунин тӯпҳоро дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина гузошта буд.
Дар артиши Украина мутахассисоне вуҷуд надорад, ки тавонанд аз ин системаҳо истифода намоянд. Бо назардошти вазъи мушкили Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар "фронти шарқӣ" барои омӯзиши мутахассисон вақт нест. Танҳо бо ҷалби “зархаридон”-и хориҷӣ мушкилотро метавон зуд ҳал кард. Намояндагони вазорати дифои Русия борҳо изҳор доштаанд, ки атбои хориҷие, ки "барои ҷанг бо русҳо" вориди Украина мешавад, пайкоргар ҳисобида намешавад ва Конвенсияи Женева ин гуна афродро фаро намегирад, онҳо ҳадафи низомӣ ҳастанд.
Нерӯҳои Русия рӯзи 9 июн маркази таълимии "Зархаридони байналмиллалӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Житомирро тавассути мушакҳои болдори ҳавоӣ дақиқ нобуд карданд. Худи ҳамон рӯз Суди Олии Ҷумҳурии мардумии Донетск се зархариди хориҷиро ба ҳукми қатл маҳкум кард. Маҳв ё нобудсохтани мутахассисони хориҷӣ бо тамоми воситаҳои қонунӣ амали тасодуф нест.
Вашингтон ва Лондон ба ин ҳукм фавран вокуниш нишон доданд, аммо мақоми зархаридони маҳкумшуда тағйир нахоҳад ёфт. Ҳамлаҳои мушакии Русия ва ҳукмҳои додгоҳи Донетск шумор ва фаъолияти "зархаридон"-и нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва макони зисти мутахассисону мушовирони НАТО-ро дар наздикии Днепр коҳиш хоҳад дод.
Норасоии хумпора ва ноумедӣ
Хадамоти истихборотии Амрико мавқеъи артиши Украинаро дар "ҷабҳаи шарқӣ" фалокатбор унвон карданд ва аз бартарии нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ дар Донбасс гуфтанд. Нерӯҳои ҳавоӣ, тӯпхонаӣ ва мушакии Русия дар минтақаи амалиёти вижа аз замину осмон комилан назорат мешавад.
Системаҳои зидди танкӣ ва мудофиаи ҳавоии НАТО, ки дар ихтиёри Киев гузошта шудаанд, амалан бефоидаанд – имрӯз тӯпҳои дурзан дар майдони ҷанг ҳама чизро ҳал мекунад. Гузашта аз ин, тӯпхонаи артиши Русия назар ба Украина 20 маротиба тавонотар аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Украина захираҳои охирини хумпораҳои замони “Шӯравӣ”-ро масраф карданд - дар як рӯз 6000 ва дар посух беш аз 100 000 хумпораҳои русӣ "шилик мешавад". Кишварҳои НАТО захираҳои худро (аз лавозимоти ҷангии 155 мм) хеле хароб кардаанд ва "ҷанги тӯпхонаӣ" дар моҳҳои наздик барои режими Киев ҳеҷ чизи хубе ваъда намдиҳад.
Президент Владимир Зеленский аз Вашингтон шумори воқеии талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро пинҳон мекунад, аммо коршиносони амрикоӣ аз нопадид шудани 200 000 низомиёни украинӣ қайд карданд. Ба гуфтаи нозирони Донетск, Киев беш аз 50 000 ҳазор сарбозашро (бо шумули бедаракшудагон, беш аз 61 000 нафар) аз даст додааст. Сарбозони гурӯҳи Авдиевкаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як ҳафта беш аз 1100 сарбозашро аз даст додааст.
Фармондеҳи артиши Украина Валерий Залужний борҳо ба дастгоҳи раисиҷумҳур пешниҳод кардааст, ки нирӯҳоро аз минтақаи Северодонетск-Лисичанск ба мавқеъҳои ғарбӣ кӯчонида шаванд. Дар Киев дар қиёс ба нигоҳ доштани қобилияти ҷангии қӯшунҳо ва ҳаёти сокинон ба "рамзҳои бофтаи муқовимат" бартарӣ медиҳанд. Дар натиҷа танҳо дар хамин минтақаи алоҳидаи майдони ҷанг ҳар рӯз камаш 200 нафар кушта ва 800 нафари дигар захмӣ мешавад.
Шикасти хатти дифои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи Святогорск рӯзи 6 июн роҳро барои нирӯҳои муттаҳид ба шаҳри Славянск боз кард ва дирӯз ҷангҳо дар канори ин шаҳр оғоз шуданд.
Дар ҳама иқдомҳо як намунаи умумӣ дида мешавад: ҳар қадар Ғарб ба Украина аслиҳаву “мутахассис” диҳад, ҳамон қадар артиши Русия сахттар амал хоҳад кард, марзҳои амалиёти вижаро боз ҳам васеъта месозад ва афсарони бештари артиши Украина нобуд карда мешаванд. Дар беҳтарин ҳолат низомиёни украинӣ, ё асир ё аз майдони ҷанг мегурезанд.
Ташаббусҳои қонунгузории режими Киев дар бораи қатли сарбозони гурехта ва қонунӣ кардани истеҳсоли марихуана рӯҳия ва самаранокии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро боло намебарад.
Фаъолияти минбаъдаи низомии НАТО дар Украина метавонад Аврупо ва Амрикои Шимолиро, ки имӯзҳо рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд, тарконад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.