ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳисоби 1:0 бар тими Сингапур пирӯз шуд.
Ин дидор рӯзи 11-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар (ФФТ) хабар доданд, ягона голро дар ин бозӣ, Шервон Мамадшоев дар дақиқаи 53-юми бозӣ ба нишон расонид.
Яккачини Тоҷикистон пас аз бозӣ бо Сингапур соҳиби 6 хол шуд ва дар даври сеюми рақобатҳои интихобӣ бо мунтахаби Қирғизистон вориди сабқат мешавад
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бар Мянмар дастболо шуда, ба дарвозаи ҳариф чаҳор голи беҷавоб зад.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар, ки дар гурӯҳи "F" ҳастанд, барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт қаблан гуфта буд, ки ҳарифони Тоҷикистон заиф нестанд ва ҳама барои ғалаба мубориза мебаранд.
"Дастаҳо дар сатҳи наздиканд, мо ҳар як рақибро эҳтиром мекунем ва мубориза хоҳем бурд. Рақибони худро хуб омӯхтем ва ҳоло тамоми диққатамонро ба бозии аввал бо яккачини Мянмар равона кардаем", - гуфтааст Сегрт.
Мутахассиси хорватӣ аз ҳайат, омодагӣ ва интихоби бозигарон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки яккачини Тоҷикистон дар давраи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, ба таври ҷиддӣ кор кард.