Наҷотдиҳандагони КҲФ ҷасади боз ду нафарро аз об берун оварданд

Давоми ду ҳафтаи ахир аз рӯди Душанбе чор ҷасадро мақомоти КҲФ берун оварданд. Ин ниҳод аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми оббозӣ эҳтиёткор бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар як рӯзи ахир ҷасади ду шаҳрванди ғарқшуда дар обанборҳои кишварро кашф ва берун овардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот барои пайдо кардани ҷасади ҷавони 20-солаи зодаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки рӯзи 7 июн дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуда буд, ба анҷом расид.
Гуфта мешавад, ҷасади ҷавон пас аз се рӯзи кофтуков бо ёрии дурбини зериобӣ дар умқи 9 метр пайдо карда шуд.
Аз рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд
Ҳодисаи дуюм дар шаҳри Душанбе 10 июн соати 14:38 рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, корманди Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи КҲФ занг зада, ба навбатдори фаврӣ хабар додааст, ки марде ҳангоми оббозӣ дар рӯди Душанбе ғарқ шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, мард дар ҷои нодуруст шино карда, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.
"Наҷотдиҳандагон соати 16:10 корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ анҷом дода, ҷасади марди ғарқшударо берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд", - афзудааст манбаъ.
Маълум шуд, ки марди ғарқшуда як сокини 33-солаи пойтахт буда, дар ҷои нодуруст шино карда, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввали дарёйфти ҷасад дар соли равон дар рӯди Душанбе нест.
КҲФ аз пайдо кардани ду ҷасад хабар дод, ки яке ноболиғи 13-сола аст
Қаблан ни мақомот дар ин дарё ҷасади духтари тахминан 18-20-соларо ёфта буданд.
Ҳамзамон ҷасади марди тахминан 45-50-соларо пайдо карда буданд, ки ҳуввияти ӯ низ номаълум буд. Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Инчунин дар оғози моҳи ҷорӣ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ҷасади ҷавондухтари 22-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе пайдо шуда буд.