ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишварҳои иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазъияти душвори иқтисодие, ки дар тамоми ҷаҳон ба амал омадаанд, бартараф карда тавонистанд. Дар ин бора раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев хабар дод.
Ӯ гуфт, ки дар гузоришҳои ширкаткунандагони ин нишасти ҷаласаи ахири иқтисодии ИДМ тамоюли мусбати равобити тиҷории кишварҳои аъзо гуфта шуд.
Номбурда гуфт, ки бар асоси гузориш, оморҳое, ки аз назар гузаронидаанд, сарфи назар аз мушкилоти кунунии иқтисодӣ, тамоми кишварҳои узви Иттиҳод тамоюли мусбати рушдро нигоҳ медоранд.
"Бигзор он хурд бошад, дар доираи 4 фоиз, вале бо вучуди ин дар тараккиёти иктисодиёти мамлакатхои иттиход таназзул нест. Ба ҳисоби миёна мо (мушоҳида мекунем) дар кишварҳои ИДМ афзоишро мебинем”, - гуфт Сергей Лебедев.
Давлатҳои иттиҳод, гуфт ӯ, ба тамоюлҳои манфии савдои берунӣ зуд вокуниш нишон дода, ҳаҷми савдои байниҳамдигариро дар доираи ИДМ зиёд карданд.
"Ин ба он таъсири мусбат расонд, ки мо тавонистем баъзе тамоюлҳои манфии вазъи иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро рафъ кунем", - афзуд Лебедев.