Дар Канада тасдиқ карданд, ки Ғарб мехоҳад Киев аз баъзе заминҳояш даст кашад

Вакили канадагӣ гуфт, ки "хаста шудан"-и Иттиҳодияи Аврупо аз Украина боиси тасмимҳои муайяни Ғарб шудааст, яъне Киевро ба гузаштҳо водор мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. "Хастагӣ"-и кишварҳои аврупоӣ аз Украина маълум аст, гуфт Иван Бейкер, вакили парлумони Канада аз Ҳизби либералӣ.
Вай таъйид кард, ки ин дар даъватҳои давлатҳои ғарбӣ аз Киев барои додани бахше аз заминҳояш дида мешавад.
"Дар баъзе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хастагӣ аз Украина вуҷуд дорад. Масалан, президенти Фаронса Эммануэл Макрон чанде пеш гуфт, ки Русияро ором кардан лозим аст. Онҳо гуфтанд, ки Украина шояд аз қаламравҳо даст кашад. Бале, чунин гуфтугӯҳо ҳастанд ва ин маро хеле нигарон мекунад", - гуфт Бейкер.
Қаблан Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина гуфт, ки ба далели он, ки ҷаҳон аз вазъ дар Украина ташаннуҷ эҳсос мекунад, вай талошҳои Ғарбро барои мутақоид кардани Киев ба шартҳои номусоид дар созиш бо Русия мушоҳида мекунад.
Шеремет: Буздилии Зеленский ошкор шуд
Украина ва Федератсияи Русия тақрибан аз оғози амалиёти низомии Русия барои ҳалли мусолиматомези низоъ музокира мекунанд, аммо дар моҳи апрел муколама қатъ шуд.
Вазорати умури хориҷаи Русия баъдан изҳор дошт, ки худи Киев музокиротро қатъ кардааст ва ба пешниҳодҳои Маскав дар бораи шартҳои созишнома вокуниш нишон надодааст.
Зеленский мехоҳад Украинаро ба кишвари дигар "ҳадя" кунад
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, мақомоти Украина пайваста дар изҳорот бо ҳамдигар мухолифат мекунанд, ки ин тасмими возеҳи Киевро фаҳмидан ғайриимкон мекунад.