Шамил Саидзода, зодаи Тоҷикистон, қаҳрамони Русия, барандаи секаратаи Қаҳрамонии Аврупо дар риштаи сумо ва мураббӣ бархе маслиҳатҳои муфидро ба варзишкорони ҷавон дод.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баробари маслиҳатҳо ба ҷавонон инчунин аз таҷрибаи худу рӯзгузаронияш гуфт.
"Машқ бояд кард, мақсадҳоро гузошта ба онҳо расидан даркор, агар афтидед - хезед. Албатта, шикаст талх асту дилгиркунанда, аммо бояд онро паси сар намуд", - изҳор дошт варзишкор.
Вай муҳим хонд, ки набояд рӯҳафтода шуд, сарфи назар аз он ки ба чӣ шевае шикаст хӯрдед. Ҳамеша роҳро давом бояд доду ба ҳадафҳо расид, илова намуд қаҳрамон.
"Дар сурати пирӯзӣ осонтар аст, вақте фикр намекунӣ, ки чӣ кореро нодуруст анҷом додӣ, гарчанде ин ҳам бад аст, агар дар ин бора фикр накунӣ", - тавзеҳ дод Саидзода.
Вай инчунин нақл кард, ки рӯзи қаҳрамон чӣ гуна мегузарад. Чизи ғайриодие нест, аммо ҷузъи муҳими он интизоми сахт мебошад.
"Баъди хоб субҳона мехӯрам. Агар фурсат бошад, тамрини рӯзонаро анҷом медиҳам. Баъдан истироҳат мекунаму ба машқи дуюм - асосӣ меравам", - таъкид намуд варзишкор.
Баъди наҳорӣ, гуфт Саидзода, машғули корҳои шахсияш мешавад. Бо реҷаи мушаххас ӯ аз 9-солагияш одат кардааст.
Ба бовари қаҳрамон, дар зӯрозмоиҳо муҳим тактика ва тавоноӣ мебошад. Бояд таваҷҷуҳи зиёд ба коркарди ҳаракатҳои баъдӣ дод.
"Беҳтараш 50 ба 50 - бархе варзишкорон сирфан ба нерӯ такя мекунаду бархе ба техника ва тактика. Агар ҳам ин бошаду ҳам он, шумо пирӯзед", - таъкид намуд Саидзода.
Ин ва дигар тафсилотро Саидзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.