ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон барканор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Дар фармони барканории Нуралиев, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 10 июн онро имзо кардааст, сабаби барканории ӯ аз симматаш гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
"Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад", - омадааст дар фармон.
Дар мавриди ҷойи кори нави Нуралиев, ки далели барканорияш шудааст, ҳанӯз иттилое мунташир нашудааст.
Ӯ дар мақоми муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ фаъолият дошт.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев солҳои 2010-2015 дар вазифаи муовини якуми вазири молия, солҳои 2007- 2010 дар вазифаи муовини вазири молия кор кардааст.
Қабл аз ин ӯ дар созмонҳои гуногуни молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра фаъолият карда буд.
Аммо вай корро дар низоми молиявӣ аз соли 1999 ба ҳайси иқтисодчии идораи шарҳдиҳӣ ва методологии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2001 дар ин мақом фаъолият кардааст.