ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар манотиқи ҷанубии кишвар гармои тоқатфарсо пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад, агентии ҳавосанҷии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро бошад, ҳавои камабри бебориш, аммо гармои шадид интизор аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе боришот пешбинӣ намешавад ва ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.