Ҳунармандони тоҷик барои дарёфти ҷоиза дар Русия талош хоҳанд кард

Ҳунармандони Душанбе дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои русии хориҷӣ дар саҳнаи театри Тамбов маҳорати худро намоиш медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои русии хориҷӣ дар Тамбов ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин чорабинӣ.
Ҳаминр тавр, рӯзи 18-уми июн ҳунармандони театри тоҷик дар саҳнаи театри Тамбов бо намоишномаи "Ханума", ки аз ҷониби коргардон Хуршед Мустафоев аз рӯи асари драматурги гурҷӣ Авксенти Сагарели ба саҳна гузошта шудааст, ҳунарнамоӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҷашнвораи русиро бунёди "Стремление" бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ташкил мекунад.
Дар он беш аз 200 ҳунарманд аз ҳафт кишвар – Абхозистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат мекунанд.
Дуторнавози тоҷик доварони озмуни байналмилаии "Бозторғай"-ро тасхир кард
Саҳнаҳо аз 16 то 22 июн дар театри драмавии Тамбов намоиш дода мешаванд ва ҳамаи онҳо тариқи пахши мустақим дар интернет пешкаш мешаванд.
Ба сифати чорабиниҳои махсус барои ходимони фарҳанги кишварҳои гуногун, лексияҳо ва дарсҳои маҳорат гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки пас аз баргузории ҷашнвора ҳунармандони Тоҷикистон сафари худро идома дода, бо намоишномаи “Шаб дар театр” ба Сарански Мордовия мераванд.
Театри лӯхтак "Гули қоқӯ"-ро ба Русия мебарад
Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои хориҷии Русия дар "Соли театр", соли 2019 оғоз шуда буд.
Он замон дар саҳнахои театрхои гуногуни Маскав намоишҳои беҳтарин театрҳои давлатии русии намоиш дода шуданд.