ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ба иттилои манбаъ, пас аз зуҳри 8 июн навбатдори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати минтақаи "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт намудор шудааст.
Зимнан бо дарёфти ин хабар дастаи зудамали КҲФ ба ҷойи ҳодиса равон шуда, ҷасадро аз об баровард ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Манбаъ меафзояд, ғарқшуда духтари тахминан 18-20-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.
Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввали дарёйфти ыасад дар соли равон дар рӯди Душанбе нест.
Қаблан ни мақомот дар ин дарё ҷасади марди тахминан 45-50-соларо пайдо карда буданд, ки ҳуввияти ӯ низ номаълум буд. Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Инчунин дар оғози моҳи ҷорӣ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ҷасади ҷавондухтари 22-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе пайдо шуда буд.