ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Эрон бо нашри хабарномае навишт, вазири умури хориҷии Эрон дар идомаи дидорҳои худ бо мақомоти олирутбаи Ҳинд, ахиран ду даври гуфтугӯ бо оқои Субромониём Ҷайшанкар, вазири умури хориҷии Ҳинд баргузор намуд.
Вазорати хориҷаи Эрон афзуд, дар ин дидори маҷмуаи густардае аз мавзуоти мавриди алоқаи ду кишвар дар арсаҳои мухталифи роҳбурдии сиёсии иқтисодиву фарҳангӣ баҳсу ройзанӣ шуд.
Амирабдуллоҳиён дар ин дидор бо ишора ба мукаммал будани иқтисоди ду кишвар ва вуҷуди зарфиятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Эрону Ҳинд бар зарурати таҳияи нақшаи роҳе барои пешбурди равобити роҳбурдии ҷомеа ва густарда байни Эрону Ҳинд таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи кишвари Эрон ҳамчунин дар ин пайванд изҳор дошт: таҳияи нақшаи роҳи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар метавонад ба муносиботи баландмуддати фимобини назми бахшида ва онро аз таъсии авомили мухарриб масун дорад.
Тавсеаи ҳамкориҳои минтақави ва тавваҷуҳи ду кишвар ба сулҳу сабот дар Афғонистон аз ҷумлаи мавзуъоти мавриди тавваҷуҳи ду вазири умури хориҷа буд.
Онҳо зимни таъкид бар зарурати кумак ба Афғонистони барои убур аз шароити сахти иқтисодии кунунӣ, ташкили давлати фарогир дар Афғонистонро муҳимтарин роҳкор барои ҷалби мушорикати тамомии ақвому гуруҳҳои Афғонистон дар таъйини сарнавишти кишвар худ донистанд.
Вазири умури хориҷаи Ҳинд зимн бо аҳамияти хондани сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Деҳлӣ барои пайгирии мавзуъоти мавҷуд дар равобити ду кишвар ва зарурати ташкил ҳар чӣ зудтари иҷлоси камиссиюни муштараки иқтисодиву таҳарруки бахшидану ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷориро ёдовар шуд ва ташкили коргурӯҳҳои барои пайгирии умурро зарурии хонд.
Тавваҷуҳ ба таҳрики бахшидан ба ҳамкориҳо дар тавсеаи бандари Чобаҳор ва дигари хутути мувосилотӣ ва долонҳои минтақаи муштараки бахши дигаре аз мабоҳиси матрӯҳаи тавассути вазири умӯри хориҷаи ҳинд буд.
Дар поёни ин мулоқоти ду вазир ба идомаи ройзаниҳои мақомоти ду кишвар дар сутуҳи мухталиф барои таҳияи нақшаи роҳи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрону Ҳинд таъкид карданд.
Ёдоварӣ мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати пешини Кобул ва омадани иморати исломӣ дар ин кишвар беш аз ҳаштод дарсади мақомҳои баландрутбаи Афғонистон аз як қавманд.