ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар умури рушди соҳибкорӣ ва бизнес-муҳит бо татбиқи лоиҳаи "Бизнес-акселератор барои занон, духтарон ва ҷавонон нишаст баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Манбаъ хабар додааст, дар ин ҳамоиш дар баробари бонувони ҳунарманд ва тоҷир, ҳамчунин занҳои соҳибкор аз Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Таъкид шудааст, ки миёни Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Ассостсиатсияи "Тадбиркор аёл"-и Ӯзбекистон мубодилаи таҷриба ва афкор дар бораи рушди тиҷорат сурат гирифт.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷорӣ азм хоҳанд намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид.
Дар ин бора ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо нашри як матлаб хабар дода буд.
Тибқи иттилои вай ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сафир, савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 4 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4 дарсад афзоиш ёфтааст.