Расонаҳо: Эрон таҷҳизоти низомии толибонро баргардонд

Тамоми таҷҳизоти низомие, ки режими собиқи Афғонистон ба Эрон интиқол дода буд, дар вилояти Қандаҳор ба намояндагони толибон баргардонда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Як даста таҷҳизоти низомӣ ва муҳимоти ҷангӣ, ки дар замони суқути режими Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта ба Эрон интиқол дода шуда буд, ба Афғонистон баргардонида шуд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии "Ariana News" хабар дод. Бар хабари манбаъ, "корвони мошинҳои борбар бо худравҳо, таҷҳизоти низомӣ, аслиҳа ва муҳимот" шаби сешанбе ба чаҳоршанбе аз Эрон тавассути гузаргоҳи Ислом-қалъа ба қаламрави Афғонистон ворид гардид.
Тамоми амволи баргардондашуда ба мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Қандаҳор супурда шуд.
Гуфта мешавад, ки ин нахустин гурӯҳи мошинҳо ва таҷҳизоти низомӣ аст, ки Эрон пас аз барканории ҳукумати пешини ин кишвар ба Афғонистон баргардонд.
Таҳдиди толибон ба Тоҷикистон: Ҳавсалаи моро ба озмоиш нагиреду чархболоҳоро баргардонед
Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ халабонҳои афғонистонӣ як теъдод чархболҳоро аз ин кишвар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол доданд. Дар ҳамин ҳол авоили соли ҷорӣ вазири дифои толибон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳушдор дода буд, ки чархболҳои онҳоро баргардонанд.
Маълум аст, ки қаблан аз Афғонистон беш аз 60 адад ҳавопаймои низомӣ бароварда шуда буд. Ба гузориши расонаҳо, халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо рабуда буданд, ки ҷангиёнро аз бахши қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои амалиётии худ маҳрум кардаанд.
Истиқболи Амрулло Солеҳ аз Ӯзбекистон барои надодани ҳавопаймоҳои Афғонистон ба толибон
Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ҳайати нерӯҳои ҳавоии Афғонистон хидмат мекарданд, ҳавопаймоҳои сабуки ҳамлавар "А-29 Super Tucano", чархболҳои "UH-60 Black Hawk", чархболҳои MD-530 ва чархболҳои Ми-17 буданд.
Толибон амалиёти густурда барои барқарории назорат бар Афғонистонро пас аз эълони тасмими ИМА дар баҳори соли 2021 дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи худ аз ин кишвар оғоз кард.
Рӯзи 15 августи ҳамон сол толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Ҳоло толибон дар Афғонистон ҳукумати муваққат таъсис доданд, ки то ба ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишвар эътироф нашудааст.