Хатари ҳайратангези ваксина алайҳи бемории обила ошкор шуд

Ваксинаи зидди сурхакон метавонад оқибатҳои хатарнок дошта бошад ва дар баъзе ҳолат ҳатто инсонро бо марг рӯ ба рӯ намояд, гуфт вирусшиноси рус
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ваксина алайҳи бемории сурхакон метавонад хатарнок бошад, гуфт вирусшинос, сармутахассиси Маркази эпидемиология ва микробиологияи "Гамалея" Анатолий Алтштейн.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия чунин доруҳо ҳифз шудаанд. Агар зарур бошад, онҳоро барои табобати сурхакон низ истифода бурдан мумкин аст. Бо вуҷуди ин баъзан ин ваксина оқибати ҷиддӣ дорад.
"Дар мавриди ваксинаи зидди бемории сурхакон, ки дар асоси як вирус сохта шудааст ва солҳои тӯлонӣ истифода мешавад, он таъсири хеле вазнин дорад, ҳатто метавонад инсонро ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кунад. Тақрибан аз ҳар 100 ҳазор нафар як нафар маюб мешавад ё мемирад", - афзуд ӯ.
Истифодаи захираи куҳнаи доруворӣ бар зидди бемории сурхакон низ тавсия намешавад. Вақте зарурати истифодаи ваксина набошад, "духтурон нафаси сабук мекашанд", - гуфт вирусолог дар суҳбат бо URA.RU.
Башарият дар хатар: изҳороти ҳайратангези Вазорати дифои Русия дар бораи обилаи маймун
Ёдовар мешавем, ки бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣ
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.