Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои навро имзо кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор қонунҳоеро, ки қаблан ҳар ду палатаи Маҷлиси олии ҷумҳурӣ қабул карданд, ба имзо расондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қонунҳои қабулнамудаи парлумонро имзо кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, бархе аз қонунҳои имзошударо ном бурдаст.
Дар феҳрасти қонунҳои имзошуда аз ҷумла қонунҳо "Дар бораи истеҳсолоти иҷро", "Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" номбар шудаанд.
"Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тартиби маҷбурии иҷрои санадҳои судӣ, дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иҷрочиёни мақомоти иҷроро муайян менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Шартҳои нави барканории раиси Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳӣ: қабули тағйирот дар қонун
Таъкид гардидааст, ки қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" ба боздошти санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида, ба рушди соҳибкорӣ, пешрафти фаъолияти соҳибкорон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ нигаронда шудааст.
Аз ҷумлаи қонунҳои дигари имзошуда аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ" номбар гардидаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, қонунҳои қабулгардида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.
Зикр шудааст, қонунҳои мазкур дар пайи нашр дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.