ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Маъруф Шарифиён, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, дарави ғалла дар баъзе аз шаҳру навоҳии шимоли кишвар шуруъ шудааст.
Ӯ афзуд, ба ҳисоби ғалладонагиҳо ҳоло коркарди картошкаву зардолузорҳо низ оғоз шудааст.
"Дарави ғалладонагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар шудааст. Дар ин шаҳру ноҳияҳо ғалла нисбатан барвақтар мерасад”, – гуфт Шарифиён дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Ин масъули идораи кишоварзӣ мегӯяд, арзоншавии нархи маҳсулоти бозорӣ ба ҳаҷми истеҳсоли он вобаста аст.
“Чи қадаре, ки маҳсулот бештар истеҳсол шуда, ба бозор арза гардад, нархи он ба таври табиӣ арзон мешавад”, - таъкид намуд ӯ.
Дар вилояти Суғд соли ҷорӣ майдони кишти ғалла, аз ҷумла гандум васеъ карда шуд.
Бино ба иттилои Абдуазиз Маҳмудзода, аз нисф зиёди майдони 80 ҳазор ҳектор зироати ғалладонагиҳоро кишти гандум ташкил медиҳад.
“Аз майдони умумии кишт чиҳил ҳазор ҳектор ҷав ва чиҳил ҳазор ҳектаои дигар гандум мебошад” , – афзуд Маҳмудзода.
Муовини сардори Идораи кишоварзӣ мегӯяд, ин танҳо омори бахши ҷамъиятӣ, яъне хоҷагиҳои кишоварзӣ аст ва масоҳати умумии ғалла, ки сокинон дар заминҳои лалмӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ кишт намудаанд, дар моҳи июл дақиқ хоҳад шуд.
Бино ба рақамҳои омори кишоварзӣ, соли ҷорӣ замини кишти гандуми баҳорӣ дар муқоиса ба соли гузашта 3 ҳазор га зиёд ва ба 18 ҳазор га расонида шудааст. Майдони кишти гандуми тирамоҳӣ 22 ҳазор га рақам зада мешавад.
Масъулони идораи кишоварзӣ дар ҳоле дар бораи васеъшавии майдони кишти ғалла таъкид меварзанд, ки давоми як моҳи охир арзиши орд, маводи ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар то ба 360-370 сомонӣ баланд шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба як моҳи пеш 55-65 сомонӣ ва ё 20% зиёд гуфта мешавад.
Ордфурӯшон болоравии нархро инкор намекунанд ва мегӯянд, ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар робита ба содироти гандум дар Қазоқистон ҳудуди як моҳ ба ин тарф ба болоравии нархи воридоти ин маводи ғизоӣ бетаъсир намондааст.
"Вақте сабаби болоравии нархи ордро аз осиёббонҳо мепурсем, изҳор мекунанд, ки як моҳ ба ин тараф нархи ҳар тоннаи гандуми воридотӣ то 350 доллар боло рафтааст”, – гуфт яке аз тоҷирони ордфурӯш.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло нархи як халтаи орди 50-килоии навъи якум 355 сомонӣ ва халтаи 45-килоии орди навъи дуюм 305 сомонӣ аст. Ҳудуди як моҳи пеш арзиши 50 кило орди навъи якум дар бозорҳои Хуҷанд 290 сомонӣ ва орди навъи дуюм 260 сомонӣ рақам зада мешуд.
Тоҷирон мегӯянд, болоравии нархи орд суръати савдои онҳоро коҳиш додааст. Орде, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешавад, асосан аз ҳисоби гандуми воридшуда аз Қазоқистон аст. Ба ҳамин тартиб бозори истеъмолии Тоҷикистон солона ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
Соли гузашта аз майдони 38 ҳазор га гандум дар Суғд 123 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шудааст. Аз ҳисоби васеъшавии замини кишт соли ҷори ҳаҷми истеҳсоли ғалла аз ҷумла гандум бештар хоҳад шуд.