Дар Тошканд навовариҳо дар бахши кишоварзиро намоиш доданд – видео

Донишмандон мошинҳои бесарнишинро нишон доданд, ки тавассути онҳо метавон кишт кард, инчунин навъи нави ғизо – орд аз ҷирҷиракворон пешниҳод карданд
Sputnik
“Технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ” чунин ном дорад намоишгоҳе, ки ахиран дар Вазорати навоварии Ӯзбекистон ифтитоҳ шуд. Дар он қариб 30 нафар аз намояндагони соҳаҳои хочагии қишлоқ иштирок доранд.
"Дар намоишгоҳ истеҳсоли ваксинаи нав зидди бемориҳои ҳайвонот, маркази обуҳавошиносӣ, ки нишонаҳои иқлимиро чен мекунад, дастгоҳи пахтаҷудокунӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон кишоварзон имкон доранд бо сармоягузорони эҳтимолӣ шинос шаванд. Барои ин мо майдони алоҳида ҷудо кардем. Дар он ҷо шумо метавонед лоиҳаи худро муаррифӣ кунед ва бо сармоягузорон созишнома ба имзо расонед”, - гуфт муовини сардори яке аз раёсатҳои Вазорати навоварии Ӯзбекистон Аҳтам Далиев.
Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар масҷиди Хева ва боздидашон аз қалъа - акс
Дар тӯли ду сол аз ҳисоби давлат 183 лоиҳа дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ба маблағи зиёда аз 98 миллион сум маблаггузорӣ шуд, ки 42-тои он ба соҳаи чорводорӣ вобаста аст.
Ғайр аз ин кишоварзони ин кишвар технологияи парвариши гиёҳҳои шифобахшро дар вилояти Чуст ба роҳ монданд, инчунин дар вилоятҳои Хоразм, Андиҷон, Сурхондарё ва Тошкант ба парвариши ширинбарг шуруъ намуда, баъд аз коркарди он ширинии табии мегиранд.
Як кишвари ҳамсоя ба пахтаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд дорад
Дар бахши мошинҳои кишоварзӣ аввалин лоиҳаи мошини бесарнишин муаррифӣ шуд. Акнун деҳқонони Ӯзбекистон имкон доранд, барои дорупошӣ ва кишт аз мошинҳои бесарнишин истифода намоянд.
Намоишгоҳи мазкур то 10 июн идома меёбад. Ифтитоҳи ин намоишгоҳро дар видеои Sputnik тамошо намоед.