Сомонӣ дар баробари доллар ва рубл аз аввали июн қавитар шуд

Сар аз рӯзҳои аввали тобистони имсол дар Тоҷикистон қурби асъор дар баробари пули миллии кишвар муътадил нигоҳ дошта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Қурби сомонӣ дар баробари доллар ва рубл аз аввали моҳи июн, ки тайи ҳафтаи ахир бетағйир буд, мустаҳкам шуд.
Ба ин тартиб пас аз як тағйирёбии тӯлонӣ ва қобили мулоҳиза, пули русӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 175 сомонӣ барои ҳазор рубли русӣ бозистод. Ин арзиш ба ҳадди ниҳоии қурби рубли имсол наздик аст.
Қурби баландтарини он дар кишвар рӯзи 31 май сабт шудааст, ки тибқи нишондодҳои Бонки миллӣ 1 ҳазор рубл ба 177 сомонӣ баробар буд.
Дар айни замон, дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, нишондиҳандаҳо метавонанд каме баландтар бошанд.
Дар мавриди асъори амрикоӣ бошад, сатҳи он низ бидуни тағйир дар ҳудуди 11,40 сомонӣ барои як доллар муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ дар ҳоли шинокунандаи қарор дорад. Танзимкунандаи асъор дар Тоҷикистон рӯзи 7 июн 12,22 сомонӣ барои як евро муқаррар кардааст.
Пешгӯии болоравии башиддати доллар: кай?
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 177 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 175 ва дар фурӯш 177 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 165 сомонӣ мехараду ба ивази 180,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 175 ва ҳангоми фурӯш 178 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.