SIGAR: Ашраф Ғанӣ бо камтар аз як миллион доллар аз Афғонистон гурехт

Бозраси вижаи Амрико дар умури Афғонистон воқеияти фирори Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш бо 169 миллион долларро таҳқиқ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ёфтаҳои мунташиршуда аз сӯйи ниҳоди амрикоӣ мавсум ба Бозраси кулли вижа барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) нишон медиҳад, ки дар замони суқути ҳукумати Кобул тобистони соли гузашта Ашраф Ғанӣ ва наздиконаш ҳангоми фирорашон бо чархбол шояд то 500 ҳазор доллар бо худ бурда бошанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин манбаъ қайд кардааст, ки ин маблағ аз як миллион доллар зиёд набуд.
Ҷон Сепко, бозраси вижаи ИМА дар номае ёфтаҳои SIGAR-ро бо қонунгузорони амрикоӣ навиштааст, ки агарчи SIGAR дарёфтааст, ки миқдори пули нақд аз маҳавватаи қасри раисҷумҳур гирифта шуда ва дар чархболҳо боргирӣ шудааст, аммо шоҳидон нишон медиҳнд, ки ин рақам аз як миллион доллар таҷовуз намекунад.
Ашраф Ғанӣ мушовири ҳукумати Толибон мешавад?
Ба гуфтаи вай, ин миқдор пул метавонад ҳудуди 500 ҳазор доллар бошад.
Инҳо ёфтаҳои гузориши SIGAR дар бораи дуздии пул аз Афғонистон аст, дар ҳоле ки интизор меравад, гузориши ниҳоии ин мавзуъ баъдан мунташир шавад.
Аммо дар ин гузориш гуфта шудааст, ки муайян намудани он ки миллионҳо долларро дар Афғонистон кӣ дуздидааст, мушкил аст, зеро сабти асноди давлатӣ ва назорати амниятӣ ҳоло ба дасти толибон уфтодааст.
Ин бозраси кул дар гузоришаш пас аз анҷоми беш аз 30 мусоҳиба бо мансабдорони собиқи Афғонистон гуноҳи Ашраф Ғанӣ дар дуздии пулҳоро рад кард, зеро ӯ ва мушовиронаш бар хуруҷи сареъ ба ҳамроҳи теъдоди афроди бештар аз зарфияти чархболҳо мутамаркиз буданд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бештари ин маболиғ аз буҷаи амалиётии ҳукумати Афғонистон буданд ва маъмулан дар Кохи раёсатҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Самӣ Содот: Ғанӣ ба генералони ҷавони артиши Афғонистон эътимод надошт
Бар асоси ин гузориш, ин миқдор пул ба ҳамаи афроде тааллуқ дошт, ки бо чархболҳои ҳомили Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш аз Кобул фирор карданд.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед.”