ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳоро дар кишвар намунаи таъсири тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард.
Ӯ ин нуктаро зимни конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар масъалаи об изҳор дошта таъкид намуд, ки тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.
"Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст", - изҳор дошт Раҳмон.
Бар асоси "Донишномаи озод", Федченко калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ мебошад, ки ба китоби "Рекордҳои замин" ворид шудаст. Дарозияш ҳудуди 77 км, масоҳаташ беш аз 650 км мураббаъ, ғафсияш аз 700 то 1000 метр ва паҳноиюш ба ҳисоби миёна ҳудуди 1,8 ҳазор метр арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, барои пажуҳиши пиряхҳо, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.
"Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем", - илова намуд Раҳмон.
Раисҷумҳур ҳамчунин аз талошҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ барои истодагарӣ дар баробари тағйирёбии иқлим гуфта, хотиррасон намуд, ки ахиран дар Душанбе ҷаласаи навбатии пешвоёни Эътилофи обу иқлим гузаронда шуд.
"Дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим моҳи марти соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад", - зикр намуд Раҳмон.
Дар баробари ин Тоҷикистон борҳо масъалаи таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштааст.