Майдони бадшонсӣ: мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз АМА низ шикаст хӯрд

Дастаи ҷавонони то 23-сола пас аз мағлуб шудан аз футболбозони Арабистони Саудӣ дар бозии дуюми Ҷоми Осиё-2022 бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии дувуми Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистонро бо шикаст анҷом дод, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври дуюм, дар гурӯҳи "D" шогирдони сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ карда, аз онҳо бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Ин бохт дувумин дар Ҷоми Осиё буд.
Қаблан футболбозони тоҷик дар бозии аввал аз футболбозони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буданд.
Ҳоло дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ҷопон бозӣ мекунад.
Ин дидор рӯзи панҷшанбеи 9 июн дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд баргузор мешавад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо шикасти бузург оғоз кард
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҳабибуллоев дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ гуфта буд, ки мунтахаби кишвар дар гурӯҳи қавитаринҳо бозӣ хоҳад кард. Мушкили аслии тимро ӯ набуди бозигарони калидӣ дар тими миллӣ хонд, ки ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд.
Ҳоло мунтахаби Тоҷикистон низ омодагиро ба бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Мянмар таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петар Сегрт идома медиҳад.
Тамринот дар Бишкек баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F" рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми июн бозии аввалро анҷом медиҳад.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови Қирғизистон, дар Бишкек соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.