ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Маҳҷабин Давлатқадамова, донишҷӯдухтари тоҷик барои соҳаи кишоварзӣ ҳафт дастгоҳ офаридааст, хабар медиҳад торнамои JOM.tj.
Ба хабари манбаъ, Давлатқадамова донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ мебошад.
Ду дастгоҳе, ки ин донишҷӯдухтар ихтироъ намуд, "нерӯгоҳи барқӣ" ва "огоҳкунаки барқӣ" мебошанд, ки бо истифода аз ин дастгоҳҳо мушкилоти кишоварзӣ кам мешавад.
Нерӯгоҳи ихтироъкардаи ӯ аз 1 то 3 мвт қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Илова бар ин огоҳкунаки беноқиле, ки Маҳҷабин офаридааст, ҳам дар хоҷагии қишлоқ, саноат ва инчунин дар соҳаи ҳарбӣ метавонад мавриди истифода қарор гирад.
"Огоҳкунаки беноқил дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои хабар додан аз офатҳои табиӣ истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба вуқуъ омадани офати табиӣ асбоб метавонад аз маҳалли хатарнок ба ҷойи лозимӣ хабар диҳад", - менависад ин торнамо аз қавли ин донишҷӯ.
Зикр гардид, ки номбурда дар як қатор озмуну намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардид. Аз ҷумла, ӯ соли 2014 дар озмуни “Техникони ҷавон” сазовори ҷойи аввал ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии наврасон, таҳти унвони “Як қадам ба пеш”, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардидааст.
Инчунин соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фуруғи маърифат” иштирок намуда, мақоми сеюмро касб кард.
Қаблан як хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 14 дар шаҳри Панҷакент "трактори ҳамакора" сохта буд, ки нуҳ намуди корро анҷом медиҳад.
Трактор аз ҷумла дастгоҳи ҳамворкунӣ, кофтани замин, сартиракгирак, сихмола, ҷӯягирак, фреза ё таҷҳизоти резакунӣ дорад.
Инчунин трактор ядаке дорад, ки то 1 тонна борро мекашад. Вазифаи трактори мазкур дар фосилаи кӯтоҳ ба кишт омода намудани заминҳои ҳаҷман хурд мебошад.