ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар тамрингоҳи Лоҳур ва Самбулӣ дар Тоҷикистон мураббиёни низомии Русия ба тамрини хизматчиёни артиши маҳаллӣ шуруъ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии ФР.
Ба иттилои манбаъ, устодони моҳири пойгоҳи низомии 201-уми Русия давоми ду моҳ 500 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тамрин медиҳанд.
Пешбинӣ шудааст, ки то моҳи август ронандагон ва нишонгирҳои тонкҳои Т-72 ва мошини ҷангии хушкигард - БМП - 2 омода карда мешаванд.
Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия илова намуд, ки марҳилаи омӯзиш аз аз 6-уми июн то 7-уми августро фаро мегирад.
Тайи ин муддат ҳамчунин дар назар аст, ки фармондеҳони маҷмааи тирандозии "Град", нишонгиру ронандаҳои БТР-80 ва мутахассисони дигар омода мешаванд.
Дар охири марҳилаи омӯзиш, тарбиятгирандаҳо аз санҷиш гузаронда мешаванд ва ҳамчунин тирпаронии назоратӣ аз аслиҳаи мошинҳои ҷангӣ ва гранатомётҳоро анҷом медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки омодасозии мутахассисони тоҷик аз ҷониби низомиёни Русия аз соли 2015 ба ин сӯ мунтазам амалӣ мешавад. Тайи ин муддат зиёда аз 6 ҳазор низомӣ тайёр карда шудаст.
Ба ҳисоби миёна давоми як сол то як ҳазор хизматчии ҳарбии Тоҷикистон аз давраҳои омӯзишии баргузорнамудаи Русия мегузаранд.
Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди ҳарбӣ дар берун аз қаламрави ФР мебошад. Ин пойгоҳ ҳазорҳо низомиро дар бар гирифта, дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе ҷойгир аст.
Пойгоҳ дар таркибаш воҳидҳои низомии тирандози савора, тонкӣ, артиллерӣ, иктишофӣ, воҳидҳои дифои ҳавоӣ, воҳидҳои мудофиаи радиативӣ, кимиёӣ ва биологиро дар бар мегирад.