ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Дар 28 кишвари ҷаҳон тақрибан 800 ҳолати сироятёбии одамон ба вируси обилаи ҳамдуна ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин, маълумоти Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ шаҳодат медиҳад.
Дар торномаи ин ниҳод харитаи интерактивӣ гузошта шудааст, ки бар асоси маълумоти манобеъи расмӣ паҳншавии ин беморӣ дар саросари ҷаҳонро нишон медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар 28 кишвар 790 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст.
Пешсафон Бритониёи Кабир (207 бемор), Испания (156) ва Португалия (138) мебошанд.
ИМА бо 20 бемор дар ҷои ҳаштум аст ва аз Канада, Олмон, Ҳолланд ва Фаронса пеш гузаштааст.
Ёдрас мешавем, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) тавсия намедиҳад, ки бинобар хуруҷи обилаи ҳамдуна барои сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ сабт шудааст, маҳдудият ҷорӣ кунанд.
Созмон тавсия дод, ки кишварҳо бояд ба паҳншавии обилаи ҳамдуна вокунишҳои оқилона ва мувофиқро кунанд ва пеш аз ҳама сухан дар бораи ҷустуҷӯи тамос бо шахсони сироятшуда ва инчунин ҷудокунии онҳо меравад.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.