Медведев ҳадафҳои сиёсати зиддирусии Ғарбро ошкор кард

Ғарб мехоҳад ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои дигарро қатъ кунад, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия. Ба қавли ӯ, ин орзуи Ғарб амалӣ шуданӣ нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҳадаф аз сиёсати душманонаи кишварҳои ғарбӣ дар инзивоъ қарор додани Русия ва барҳам задани иқтисоди он аст, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев.
Дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" Медведев гуфтааст, ки нақшаҳои Ғарб ошкоранд, аммо амалӣ нахоҳанд шуд.
"Сиёсати душманонаи кишварҳои ғарбӣ нисбат ба кишвари мо ҳадафҳои возеҳ дорад - инзивои Русия, бастани ҳама гуна каналҳои ҳамкориҳои он бо дигар давлатҳо, моро ба суқути иқтисодӣ бурдан", - навиштааст РИА "Новости" аз қавли Медведев.
Ёдовар мешавем, ки Русия охири моҳи феврал амалиёти вижаи низомиро барои ҳифзи сокинони Донбасс оғоз кард.
Аз замони оғози амалиёти вижа то кунун Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ бастаи бузурги таҳримҳоро алайҳи Русия вазъ карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров сабаби якбора суръат гирифтани амалиёт дар Украинаро ошкор кард
Ин таҳримот боиси якбора боло рафтани қимати энержӣ, маводи ғизоӣ ва дигар колоҳо дар Аврупо ва ИМА шуд.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи ин амалиётро ҳимояи сокинони Ҷумҳурии мардумии Луганск ва Ҷумҳурии Мардумии Донетск номид, ки ҳашт сол боз зери фишори режими Киев қарор доранд.
Медведев: Ҳеҷ як аз мақомдори Русия дар хориҷ амвол надоранд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.