ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон миёни раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев ва раҳбари фраксияи "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров ҷанҷоли лафзӣ сар зад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, Тошиев дар ҷаласаи мазкур аз мубориза алайҳи кочоқ дар марз бо Тоҷикистон гузориш дод.
Дар рафти суханронӣ роҳбари КДАМ аз вакилон гиламандӣ кард, ки онҳо кори мақомоти амниятиро зери шубҳа қарор медиҳанд ва "дар нисбаташон ҳар гуна гапҳои нораво мезананд".
Ӯ аз ҷумла аз "туҳмат"-и Мадумаров изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки номбурда дар маъракаҳо кормандони амниятро "хунхӯрон"-и мардум мегӯяд ва онҳоро ба он муттаҳам мекунад, ки гӯё ризқи мардумро мехӯранд.
Пас аз ин суханон Мадумаров аз ҷо бархоста, бо вуҷуди фаъол набудани баландгӯ бо имову ишора ба изҳороти Тошиев посух дод, вале овози ӯро на ҳама шуниданд.
Ҳарчанд Мадумаров талаб кард, ки ба ӯ низ вақт барои сухан гуфтан аз минбар ҷудо кунанд, вале вакилон якдилона пешниҳоди ӯро рад карданд.
Бо вуҷуди ин Sputnik Қирғизистон баҳси лафзии Тошиев ва Мадумаровро дар сомонааш ҷо додааст. Зикр гардид, ки дар ҷараёни баҳси лафзӣ Тошиев таҳдид намудааст, ки дасти вакили даъвогарро мешиканад ва ӯро "нобуд" мекунад.
Тошиев изҳор доштааст, ки агар дар вазифаи прокурор мебуд, кайҳо Мадумаровро паси панҷара равон мекард.
Роҳбари фраксияи "Бутун Қирғизистон" бошад, Тошиевро таъна задааст, ки барои барпо кардани табаддулоти давлатӣ аз болои девори Кохи сафед ҷаҳида буд. Ӯ аз ҷумла гуфт, "табаддулотро шумо кардед ва барои ҳама кор бояд ҷавоб диҳед".
Қаблан Тошиев мақомоти гумруки Қирғизистонро ҳушдор дода буд, ки аз содироти маҳсулот ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.
"Ягон кило шакар, орд ва як литр рӯған набояд гузарад. Ҳоло дар ҳамсояҳои мо мушкили норасоии ғизост ва нарх яку ним баробар гаронтар аз мост ва аз ин рӯ кӯшиш мекунанд, аз мо бигиранд. Кормандони худро ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода кунед, то маҳсулот берун набарояд",- гуфта буд Тошиев.
Маврид ба зикр аст, ки марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз ҳаводиси моҳи майи соли 2021 баста шуд.
Ҳоло додугирифт ва равуо миёни кишварҳо сурат намегирад.
Ҷониби Қирғизистон гуфт, то ҳалли масоили марзӣ сарҳадашро баста боқӣ мегузорад.