Пас аз фоҷеаи ахир Мирзонабот ба Рӯшон рафт

Интизор меравад, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи ин сафараш ба ноҳияи Рӯшон бо сокинони маҳаллӣ низ суҳбат кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот субҳи 2 июл ба ноҳияи Рӯшон сафар кард.
Котиботи раиси вилоят сафари Мирзонабот ба Рӯшонро шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ин ноҳия гуфтааст.

"Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъияти иқтисодию иҷтимоии ноҳия раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳияи Рӯшон сафар кард", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Алишер Мирзонабот бо сокинони ин ноҳия низ суҳбат мегузаронад.
Сафари раиси вилоят ба ноҳияи Рӯшон дар ҳолест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 18 май аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ин ноҳия хабар доданд. Бар асари ин амалиёт расман 8 сокини ноҳия кушта шуд.
Мақомот аз кушташудагон аъзои гурӯҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки аз сокинони осоишта касе осеб надидааст.
Кушта шудани 5 нафар дар куҳистони Рӯшон зимни амалиёт: шарҳи мақомот
Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 низомӣ ҷароҳат бардошт.
Зимнан, рӯзи 31 май мақомот дар ин ноҳия боз як амалиёти ҷадид гузаронид, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шуд. ВКД аз кушташудагон узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурд.