Давлаталӣ Саид бо ҳамтои ӯзбекаш расондани савдо то ба 1 млрд долларро баррасӣ кард

Тоҷикистону Ӯзбекистон тамоми имкониятҳоро барои то 1 млрд доллар расондани додугирифти молиро доранд, таъкид шуд дар мулоқоти ноибони сарвазирони ду кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 252 ширкат бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, хабар дод Ҳукумати ҶӮ.
Ба иттилои манбаъ, ин нуқта дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов таъкид шудааст. Баръакс дар Тоҷикистон 64 корхона бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият доранд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва тадбирҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, энержӣ, мудирияти об, нақлиёт ва логистикаро баррасӣ карданд.
Дар масъалаи додугирифт зикр шуд, ки тайи 5 соли охир ҳаҷми муомилоти мол қариб 3 баробар афзуда, дар 4 моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо ҷонибдорияшонро аз фаъол гардонидани корхонаҳои муштарак ва инчунин афзоиши гардиши савдои Ӯзбекистону Тоҷикистон то ба 1 млрд доллар баён доштанд.
Тоҷикистон харидори умедбахши нерӯи барқи "Роғун"-ро пайдо кард
Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта ҳаҷми савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 447,8 млн доллар баробар буд. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Ҳиссаи Ӯзбекистон дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9%-ро ташкил медиҳад.
Бар асоси омори расмӣ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайраро мехарад.