Нақшаи ҷалби наваскарон ба артиш иҷро шуд: Даъвати ҷавонон ба комиссариат идома меёбад

Бо вуҷуди иҷро шудани нақшаи ҷалби наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, даъвати ҷавонон ба комиссариатҳо идома меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон пурра иҷро шуд, хабар дод Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар даъвати баҳории имсола, тайи моҳҳои апрел ва май шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-уми Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гардидаанд.
Вазорати мудофиа таъкид намудааст, ки агарчи иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расида бошад ҳам, ҷавонони синни хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқоматашон даъват мешаванд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин кор бар асоси моддаи 28-и Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ", қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиа амалӣ шуда, мақсад аз он гузарондани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ мебошад.
Вазорат зикр намудааст, ки аз оғози даъвати баҳорӣ, дар нахустин рӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Раҳмон аз дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон дидан кард
"Дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май бошад, тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонданд", - омадааст дар иттилоия.
Комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар самти сифатан ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, изҳори миннатдорӣ баён кардааст.
Ҳамчунин инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, вазорат сипос гуфтааст.
Даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду мавсим сурат мегирад. Даъвати баҳории шаҳрвандон аз оғози апрел то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр то охири моҳи ноябр идома меёбад.