ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, амрикоиҳо аз низоъҳои иғвоангез ва шадиди байни Русия ва Украина барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии худ истифода мекунанд.
"Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз муколамаи созанда дар заминаи амният сарпечӣ карда, бо ҳар роҳ ба афзоиши танишҳои низомӣ дар Украина, барангехтани низоъ дар Донбасс ва ҷалби Русия ба он мусоидат карданд", - таъкид дошт Патрушев зимни мачлиси машваратӣ оид ба амнияти миллӣ дар Поволже.
Ба эътиқоди Патрушев, маъракаи ҷаҳонии зидди Русия собит мекунад, ки Украина барои Ғарб танҳо як баҳонае буд, то ба таври ошкоро ҷанги гибридӣ барои заиф кардани Русияро оғоз кунад.
"Ин ниятҳо хеле пеш аз моҳи феврали соли 2022 ба вуҷуд омада буданд ва новобаста аз амалҳои Федератсияи Русия амалӣ мешуданд", - таъкид кард котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Ӯ гуфт, Русия пас аз табаддулоти давлатӣ дар Украина дар соли 2014, тайи 8 сол тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то вазъ бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад.
"Аммо ин ҳама талошҳои мо бенатиҷа буд", - илова кард Патрушев.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.