ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Русия имкон шуд, ки аз соли 2011 то соли 2021 афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ таъмин карда шавад, хабар медиҳад "Росстат".
Ҳамин тариқ 93,5 фоизи ин афзоиш дар 10 соли охир ба 9 кишвари Иттиҳоди Шӯравии собиқ рост омад. Сегонаи беҳтарин Тоҷикистон, Украина ва Қазоқистонро шомил мешавад.
Чунин оморҳо аз натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолии умумирусиягӣ бармеоянд.
Дар ин давра зиёда аз 5,4 миллион нафар барои истиқомати доимӣ ба Федератсияи Русия ворид шуда, зиёда аз 3,04 миллион нафар аз ин кишвар хориҷ шудаанд.
Афзоиши муҳоҷират (яъне фарқи байни ин ду нишондод) беш аз 2,4 миллион нафарро ташкил дод.
Илова бар ин, ба гуфтаи "Росстат", дар барномаи кӯчонидани ҳамватанон аз соли 2011 то соли 2021 ба истиснои онҳое, ки аз феҳристи вижа хориҷ шудаанд, беш аз 1 миллион нафар ширкат кардаанд.
Аксари вақт ҳамватанон барои кӯчидан вилоятҳои Калуга, Тула ва Воронежро интихоб мекардаанд.
Бештари ҳамватаноне, ки дар соли 2021 сабти ном шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Арманистон мебошанд.
Ҳамин тариқ, тибқи омори ахир, ки дар Русия дар соли 2010 баргузор шуд, то кунун русҳо 2,05 миллион нафар ё 1,4% бештар буданд.
Ҳамин тариқ дар Федератсияи Русия 147,2 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Ин афзоиш ба шумораи зиёди шаҳрвандони дигар давлатҳо, ки барои кор ва зиндагӣ ба Русия меоянд ва ин ҷо мемонанд, алоқаманд аст.