Ба Тоҷикистон боз ваксина оварданд: аз кадом навъ ва чӣ миқдор

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз қабули наздик ба 200 ҳазор воя ваксина алайҳи коронавирус хабар дод. Ин навбат ба ҷумҳурӣ "Pfizer-BioNTech" оварда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Шаби 29 ба 30 майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон боз бастаи дигари ваксина алайҳи маризии коронавирус ворид гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 198 900 воя ваксинаи "Pfizer-BioNTech" тоза вориди кишвар шуд.
Манбаъ меафзояд, ин миқдор ваксина низ дар доираи механизми байналмилалии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо - COVAX ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон боз бастаи ваксина алайҳи COVID -19 дарёфт кард
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 маъракаи моякӯбӣ дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи сипаришуда ба Тоҷикистон 241 920 воя ваксинаи "Moderna" оварда шуд.
Ҳоло шаҳрвандони ҷумҳурӣ асосан бо навъҳои ваксинаи "Спутник V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.