ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сокини 54-солаи ноҳияи мазкур ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Делох ба самти деҳаи Лахшики ноӽияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа ӯ автомашинаро ба чуқурии зиёда аз 95 метр чаппа намудааст.
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки ронанда пас аз чаппа шудани мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар дохили мошин боз ду мусофири дигар қарор доштаанд, ки яке аз онҳо писари ронандаи марҳум будааст.
Гуфта мешавад, писари 12-солаи ронанда ва як мусофири 45-сола, ки сокини ноҳияи мазкур мебошад, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Феълан ҳар ду мусофир дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Қаблан аз дарёфт шудани ҷасади як хонандаи синфи 11 дар вилояти Суғд гузориш шуд, ки ӯ низ бо мошин дучори садама шуда, аз баландии 40 метр ба дарё сарозер гардида буд. Ҳамроҳи ӯ боз як ҳамсоли дигараш низ ба ҳалокат расид.