ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бо гузашти ҳашт рӯз аз рӯди Зарафшон ҷасади хонандаи синфи 11 пайдо ва ба наздконаш супорида шуд, хабар медиҳад "Pressa.tj".
Ба иттилои манбаъ, ҷасади Аҳрор Аминов шоми 29 май дарёфт гардид. Ноболиғ ҳамроҳ бо як ҳамсоли худ дар дохили мошин аз баландии 40 метр ба дарё сарозер шуда буд.
Манбаъ аз қавли сухангӯи Раёсати ВУД дар вилояти Суғд менависад, ки ҳодисаи нохуш ҳанӯз субҳи 21 май рух дод. Он рӯз ошпази 33-солаи ошхонаи "Сихкабоби Хуҷандӣ" ба кормандони милитса муроҷиат мекунад, ки мошини ӯро касе беиҷозат бурдааст.
Баъдан маълум шуда, ки мошинро пешхидмати ҳамин ошхона бурдааст. Ӯ ду нафар ноболиғро низ бо худ мегирад.
Номбурда дар роҳ аз уҳдаи идора кардани мошин набаромада, худро аз дари мошин ба берун ҳаво медиҳад, вале мошин бо ду ноболиғ аз баландии 40 метр ба дарё сарозер мешавад.
Ҳар ду мусофир хонандагони синфи 11, сокинони деҳаи Хушетаки ноҳияи Панҷакент буданд, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ронанда зинда мондааст, вале ҳоло нисбати ӯ бинобар ғайриқонунӣ рондани мошин парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.