Раҳмон Раисиро ба Душанбе даъват кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан дар Эрон қарор дорад, аз роҳбари кишвари мизбон даъват намудааст, дар вақти барояш муносиб ба Душанбе биёяд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон барои анҷоми сафар ба Тоҷикистон даъват карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, ки ин даъват аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни мулоқоту музокирот бо Раисӣ баён шудааст.
Таъкид гардидааст, ки Раисӣ метавонад ин сафарашро дар ҳар вақти барояш муносиб анҷом диҳад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии ҷавобӣ дар Эрон қарор дорад.
Пешвозгирии Раисӣ ва Горди фахрии Эрон аз Эмомалӣ Раҳмон
"Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари дӯст барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос кард", - таъкид намудаст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсии миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки ӯ моҳи сентябри соли гузашта бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт. Сафари расмии президенти Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснад буд.
Таъкид мегардад, ки сафарҳои тарафайн дар сатҳи олӣ ва бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ, заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро фароҳам оварда, барои тақвияти бештари ҳамкориҳо мусоидат мекунанд.