Лавров овозаҳои маризии Путинро шарҳ дод

Вазири умури хориҷии Русия онҳоеро, ки дар бораи "беморӣ"-и президенти ин кишвар овозаҳоро паҳн мекунанд, девона хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия сарусадоҳоеро, ки дар Аврупо дар бораи бемории эҳтимолии Владимир Путин пайдо мешаванд, шарҳ дод менависад РИА "Новости".
Ба гуфтаи вазир, афроди солимфикр дар пайи баромадҳои ҳамарӯзаи раисҷумҳури Русия, ба гумон аст, ки дар ӯ нишонаҳои бемориро мушоҳида кунанд.

"Президент Путин ҳамарӯза дар назди мардум пайдо мешавад. Шумо метавонед ӯро дар экран тамошо кунед, суханрониҳояшро бихонед ва гӯш кунед. Фикр намекунам, ки афроди солимфикр дар ин шахс нишонаҳои ягон бемориро бубинанд", - гуфт Лавров.

Дипломати рус ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо телевизиони фаронсавии TF1 изҳор дошт.
Ӯ илова намуд, паҳн кардани чунин овозаҳоро ба виҷдони онҳое мегузорад, ки ҳамоно ба кори худ, дурӯғпароканӣ идома медиҳанд.
Путин ва Вучич дар мавриди газ созиш карданд
Дар пасманзари муваффақияти Русия дар амалиёти вижа дар Украина, расонаҳои ғарбӣ кӯшиш карданд, ки дар байни русҳо ваҳшат афкананд.
Онҳо овозаҳое паҳн намуданд, ки гӯё Владимир путин ба бемории марговар мубталост. Дар ҳоле ки кишвардори Русия ҳамарӯза бо мақомдорону русу хориҷ ва ҳамчунин бо мардум дар тамос аст.