ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов сарусадоҳо дар мавриди бахшида шудани Қурмонбек Боқиев, президенти пешини ин кишварро шарҳ дод, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Гуфта мешавад, Ҷабборов дар мусоҳиба бо хабаргузории "Кабар" изҳор доштааст, ки ин сарусадоҳо асос надоранд.
"Фикр мекунам, ки ба ин овозаҳо набояд аҳамият дод. Аз байн аллакай 12 сол гузашт. Мардум Боқиевро фаромӯш кардаанд", - афзуд президент.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки Қурмонбек Боқиевро танҳо Алмосбек Отамбоев, президенти пешин ва Исмоил Исҳоқов фаромӯш карда наметавонанд.
Боқиев дар соли 2005, пас аз инқилоби моҳи март ба қудрат расид ва дар натиҷаи ҳодисаҳои апрели соли 2010, ки боиси талафоти зиёд шуд, мансаби аввал дар ин кишварро аз даст дод.
Қаблан Содир Ҷабборов гуфта буд, ки Аскар Акаев, яке аз дигар президентҳои пешини Қирғизистон хатоҳои қаблии худро ислоҳ кард ва "ҳоло ӯ назди мардум гунаҳкор нест".
Аммо КДАМ Қирғизистон зикр намуд, ки раисҷумҳури қаблӣ сафед нашудааст ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷонибдори ӯ Бекболот Талғарбеков гуфта буд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дигар даъвое алайҳи раисҷумҳури пешин надорад. Ӯ гуфта буд, Акаев пас аз бозпурсии навбатии КДАМ ҳамроҳ бо писараш ба Маскав парвоз кард.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид намудааст, ки "баёноти носаҳеҳи афроди алоҳида" дар бораи лағви тамоми иттиҳомот алайҳи президенти аввалин ҷомеаро ба шубҳа водор менамояд.
Ӯ ба Беларус фирор кард ва баъдан шаҳрванди ин кишварро гирифт.
Моҳи июли соли 2016 додгоҳи Қирғизистон ӯро ғоибона ба 30 соли зиндон маҳкум карда буд.