Трамп бинобар вазъи Украина аз хатари Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт

Кишвардори собиқи Амрико изҳор дошт, ки ноамниҳои ахир метавонанд боиси талафоти миллионҳо нафар гардад. Ӯ ҳамчунин аз хатари сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини ИМА, гуфт, муноқиша дар Украина метавонад ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хотима ёбад, менависад РИА Новости.

"Миллионҳо нафар ҷон хоҳанд бохт. Ҳатто ин вазъ метавонад ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хотима ёбад. Ҷанге, ки аз аблаҳӣ сар хоҳад зад", - таъкид намуд Трамп ба мардуми иёлати Вайоминг.

Трамп худро ягона президенти ИМА дар асри 21 эътироф кард, ки дар замони раёсатҷумҳурии ӯ Русия вориди даргириҳои мусаллаҳона нашудааст.
Ӯ гуфт, замони президентии Ҷорҷ Буш "онҳо Гурҷистонро аз даст доданд", дар замони Барак Обама Қрим аз даст рафт ва дар замони Ҷо Байден "ҳама чизро аз даст додем".
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухан нест, таъкид кард президенти Русия.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.