Ҳабси вазири собиқи қазоқ бо иттиҳоми фасодкорӣ

Ин мансабдор ба дуздии беш аз 336 ҳазор доллар муттаҳам мешавад. Айни замон ӯ дар боздошт қарор дошта, тафтишот идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар гузашта, ҳоло мудири Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ Аристанбек Муҳамедиули бо гумони даст доштан дар фасод боздошт шуд.
Ин хабарро Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон таъйид кардааст.
"Бо қарори додгоҳ рӯзи 28 май мудири Осорхонаи миллӣ Аристанбек Муҳамедиулӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд", - омадааст дар иттилоия.
Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти парванда ифшо намешавад, зеро тафтишот идома дорад.
Қаблан Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон хабар дод, ки алайҳи раҳбарияти Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ ба далели тасарруфи маблағҳои буҷет тафтишоти пешакӣ гузаронида мешавад.
Оҷонсӣ тавзеҳ додааст, ки сухан тақрибан аз 146 миллион тенге ё ҳудуди 336 ҳазор доллар аст, ки тахминан аз қарордод оид ба хариди давлатӣ барои намоишгоҳи байналмилалии "Сайри одами тиллоӣ дар осорхонаҳои ҷаҳон" тасарруф шудааст.
Хоҳари Назарбоев аз Қазоқистон миллионҳо қарздор аст
Муҳамедиулӣ моҳи августи соли 2014 ба мақоми вазири варзиш ва фарҳанг таъйин шуда, тақрибан панҷ сол дар ин мақом кор кардааст. Аз соли 2019 директори Осорхонаи миллии Қазоқистон мебошад.
Ҳабси собиқ вазир дар ҳолест, ки қаблан Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон барои мубориза бо фасод дастур дода, то ҳол бархе аз мақомдорони баландпояи ин кишвар аз вазифаҳо озод ва ё ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.