ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Муассиси Microsoft Билл Гейтс бовар дорад, ки пандемияи нав имконпазир аст. Дар ин бора вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи El Diario изҳор дошт, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфтаи миллиардер, пандемияи нав дар 20 соли оянда бо эҳтимоли 50% имконпазир аст.
"Панҷоҳ дарсад эҳтимол дорад, ки мо дар 20 соли оянда гирифтори як пандемияи дигар мешавем", - гуфт ӯ.
Ҳоло маризии обчакони ҳамдуна аксар кишварҳоро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, дар Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания мавориди зиёди гирифтор шудани сокинон ба ин беморӣ сабт гардидааст.
Бо вуҷуди ин, Созмони ҷаҳонии Ббҳдошт дар пасманзари хуруҷи ин беморӣ моякӯбии оммавиро зарур намешуморад.
Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав - обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта нашудааст.