Захарова: ИМА бо маҳрум кардани Украина аз захираҳои ғалла буҳрони ғизоӣ эҷод мекунад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо маҳрум кардани Украина аз захираи ғалла буҳрони ғизоӣ эҷод мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Амрико бо маҳрум кардани Украина аз захираҳои ғаллааш дар ин кишвар буҳрони ғизоӣ эҷод мекунад.
Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо амалҳои худ худаш дар Украина буҳрони озуқаворӣ ба вуҷуд меорад, дар ҳоле ки Федератсияи Русия ният дорад, ки ба таъмини ғизо ва дигар молҳо софдилона идома диҳад.
Ба гуфтаи Захарова, изҳороти Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 10 май дар бораи зарурати ҷустуҷӯи имконоти содироти 20 миллион тонна ғалла аз Украина бо имзои қонуни "Ленд-лизинг"-и Украина рост омад. Маълум мешавад, ки Киев пули силоҳро бо гандум пардохт мекунад.
Скачко: Зеленский силоҳи Ғарбро бо ғалла пардохт кардаву Украинаро ба гуруснагӣ мекашад
"Воқеан, худи амрикоиҳо дар Украина буҳрони озуқаворӣ ба вуҷуд оварда, онро аз захираҳои ғалладонаш маҳрум мекунанд”, - омадааст дар изҳороти ӯ.
Мавсуф афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо қасд доранд, дар тӯли 2,5 моҳ аз Украина 20 миллион тонна ғалла содир кунанд, ки гӯиё интиқоли онҳо ба кишварҳои Африқо ва Ховари Миёна ба манзури ҷилавгирӣ аз бӯҳрони ғизоӣ аст.

"Аммо дар асл ғалла ба анборҳои Аврупо интиқол дода мешавад. Барои интиқоли он ба самтҳои Олмон, Полша, Литва, Руминия ва Булғористон хатсайрҳои роҳи оҳан, автомобилӣ ва дарёӣ ташкил карда шудаанд", - шарҳ дод ӯ.

Дар баробари ин, Русия ҳамчунон иштирокчии масъули бозори ҷаҳонии озуқа боқӣ мемонад, қайд кард Захарова.
"Мо ният дорем, ки минбаъд низ уҳдадориҳоро дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, энергетикӣ ва дигар маҳсулоти муҳим иҷро кунем", - таъкид кард ӯ.
Украина бо вуҷуди хатари камчинӣ захираи гандумро ба Аврупо содир мекунад
Номбурда гуфт, муҳим будани чунин таъминотро барои таъмини суботи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои гуногуни ҷаҳон хуб дарк мекунем.
Вазорати хориҷаи Русия ёдовар шуд, ки сабаби аслии тамоюлҳои манфии мавҷуд дар бозори ғизо таҳримҳои зидди Русияи Ғарб буд, ки боиси канда шудани равобит дар заминаи логистикаи ҷаҳонӣ ва зерсохтори нақлиётӣ гардид.
Қаблан Максим Оршкин, муовини раиси ҷумҳури Русия дар умури иқтисодии Русия гуфта буд, он чизе ки Иёлоти Муттаҳида талош дорад бо Украина - аз байн бурдани захираҳои ғалла - "як иқдоми дигаре аст, ки Украинаро ба мушкилоти ҷиддии башардӯстона маҳкум мекунад".