Суҳбати Путин бо Макрон ва Шолтс: ҷузъиёти музокирот

Президенти Русия дар як суҳбати телефонӣ бо президенти Фаронса ва садри аъзами Олмон як қатор масъалаҳои муҳимро баррасӣ карданд: тафсилот дар хабари зерин
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Суҳбати телефонии раҳбарони се давлат барои баррасии ҷанбаҳои мубрами вазъ дар Украина сурат гирифт, хабар медиҳад Кремл.
Раҳбари Русия дар бораи рушди ҳодисаҳои амалиёти вижаи идомадошта муфассал маълумот дода, қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро қатъиян риоя мекунанд.
Путин дар бораи ташкили кори муназзам барои истиқрори зиндагии осоишта дар Мариупол ва дигар шаҳрҳои озодшудаи Донбасс сухан гуфт.
Дар суҳбат ҳамчунин ба вазъи раванди музокирот, ки бо айби Киев қатъ шуда буд, таваҷҷуҳ карданд.
Президент тасдиқ кард, ки Русия барои азсаргирии муколама боз аст.
Олмониҳо талаб доранд, ки Шолтс интиқоли аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Вай ҳамчунин ба масъалаи "хавфнок будани идомаи интиқоли силоҳҳои ғарбӣ ба Украина" ва хатарҳои марбут ба ноором кардани вазъ ва ташдиди буҳрони башардӯстона таваҷҷуҳ кардааст.
Дар бораи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ суханронӣ карда, Путин воқеан сабабҳои мушаххаси мушкилот дар таъмини ғизоро бар асари "сиёсати нодурусти иқтисодӣ ва молии кишварҳои ғарбӣ ва ҳамчунин таҳримҳои зидди Русия" шарҳ дод.
Тамоси Макрону Путин - умеди охирини Аврупо
"Русия омода аст, дар ҷустуҷӯи имконоти содироти бидуни монеаи ғалла, аз ҷумла содироти ғаллаи Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ саҳм гузорад. Афзоиши интиқоли нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзии Русия низ ба коҳиши ташаннуҷ дар бозори ҷаҳонии озуқа мусоидат хоҳад кард, ки ин албатта, лағви маҳдудиятҳои дахлдори таҳримиро тақозо мекунад", - қайд кард президенти Русия.
Роҳбарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳоро идома диҳанд.